Tagikistan

ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ. Аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳоряк аср сипарӣ гардид. Мулоҳизаҳои сармуҳаррири нашрияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» ба ин муносибат

Ховар - 9 ore 20 min fa

ДУШАНБЕ, 15.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷики­стон 25 сол сипарӣ гардид.  Ба ин муносибат сармуҳаррири нашрияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт», номзади илмҳои филологӣ Ҳақназар КАРИМЗОДА андешаҳояшро зимни як нигориш ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст, ки дар зер онро пешниҳоди хонандагон менамоем.

— Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси   муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иброз медоранд: «ҲХДТ дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳадафи аслиаш ваҳдату  ягона­гӣ, устувориву пойдории сулҳ ва таъмини ояндаи неки шаҳрвандони  мамлакат  аст».

Воқеан ҳам  ҲХДТ тӯли 25 соли фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба марҳилаҳои сифатан нав расонид.

Албатта, ин марҳила барои камолоти як ҳизби сиёсӣ чандон давраи тӯлонӣ ба ҳисоб намеравад. Вале ба ин нигоҳ  накар­да, ҲХДТ роҳеро паймуд, ки арзиши даҳ­солаҳоро дорад.

Ҳизби мо   шабоҳат ба обе дошт, ки онро ба дашти лабташнае сар дода бошӣ. Аз ин рӯ, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ мардумон   онро  чун  обу  ҳавое, ки бе он зистан ғайриимкон  аст, пазируфт ва ба он эътимод кард. Ҳамин тариқ, пайванди ҳизб бо мардум шурӯъ  шуд. Тавре Пешвои муаззами  миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон борҳо иброз дошта­анд: «Ҳизби мо зодаю парвардаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст ва худро бо мардум чун ҳизби дорои масъулияти баланди сиёсӣ муаррифӣ намудааст, ки ин заминаи воқеии таърихӣ дорад».

Агар ба таърихи ташаккулёбӣ ва гу­старда шудани нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа назар афканем, бармалост, ки давраи та­шаккулёбии ҳизб маҳз ба фаъолияти роҳ­барии фарзанди соҳибфитрати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост меояд. Бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон минҳайси Раиси ҲХДТ ва роҳбарии хирадмандонаи ин абармарди майдони сиёсат эътибори ҳизб, мақому мартабаи онҳое, ки шарафи узвияти ин неруи тавонои сиёсиро до­штанд, ба маротиб боло рафт ва муҷиби густардатар шудани нуфузи ҳизб дар наз­ди сохторҳои дахлдори ҳокимияти иҷроияи давлатӣ гардид.

Ё ба таъкиди   доктори илмҳои фалсафа Саидму­род Фаттоҳзода, ки дар мақолаи худ «Ҳиз­би ормонҳои миллӣ ва ё андеша пирому­ни ҳизби мардумие, ки зодаи тафаккури Пешвои миллат аст», чунин меорад: «Дар хотир дорам, ки ҳамеша дар давраҳои ин­тихобот рақибони сиёсӣ ва ҳатто баъзан ҳамсафони мо муваффақияту пирӯзиҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба обрӯву нуфузи Раиси он, Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд медонистанд. Сари ин масоили мавриди назар мо бояд талош ҳам накунем. Чунки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳз зодаи тафаккури Роҳбари хирадпешаи он аст, ки ҷавҳараш аз арзишҳои таърихӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва орзую ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик сиришта шудааст. Фаъолияти ҳизб бо сиёсати хирадмандонаи асосгузори он сахт алоқаманд аст, аз ин лиҳоз  маҳбубияти он бо истеъдоди фитрии сарвараш иртиботи ногусастанӣ дорад».

Мавқеи мо низ ба назару андешаи доктори илмҳои фалсафа Саидмурод Фат­тоҳзода комилан мувофиқ аст, зеро маҳз иқдомоти дурандешона ва  хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҳтироҳбарии худ гириф­тани ин ниҳоди сиёсӣ — ҲХДТ ба раванди инкишофу фаъолияти густурдаи худ ворид гашт.

Таърихи навини давлати  соҳибистиқлоламон гувоҳ аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи ниҳо­ят мураккаби таърихӣ, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва таъмини якпорчагии мамлакат ташкил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ  тавонист ба як ташкилоти бонуфузи сиёсӣ, такягоҳи боэътимод, ҳизби ормонҳои миллӣ ва до­рои сохтори муназзаму мураттаби ташкилӣ табдил ёбад. Маҳз ҳами навомил сабаб шуд, ки аксари мардум ғояҳои сиёсию иҷтимоии онро дастгирӣ карданд. ҲХДТ тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи Барномаи худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзо­яш ва дастгирии бештари қишрҳои дигари солимфикри ҷомеа дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва гузаронидани ис­лоҳоти сиёсию  иқтисодӣ  талош варзида, дар ташкили сохторҳои нави давлатӣ саҳ­ми намоён гузошт.

Пӯшида нест, ки меҳвари фаъолияти  ҳар як ташкилот ё ҳаракати  сиёсӣ ин фаъо­лияти ғоявии он мебошад. Ҳар як ҳизб ғояи худро дорад, ки бо шаклу усул ва васои­ту роҳҳои гуногун кӯшиш менамояд, онро амалӣ созад. ҲХДТ таҳти роҳбарии муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон тавассути татбиқи иҷрои хостаҳои  доманадору пурсамари худ исбот намуд, ки дар низоми сиёсии ҷоме­аи Тоҷикистон ба яке аз омилҳои муҳими таъсиррасонии сиёсӣ ва неруи пешбари ҷомеаи навини тоҷикон табдил ёфтааст.

Чунон чи  медонем, Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар остонаи маъракаи муҳими сиёсии интихоботи навбатии Маҷлиси Олӣ ва маҷ­лисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор до­рад. Аз ин рӯ, пӯшида нест, ки ҲХДТ бо рӯҳияи баланди сиёсӣ ва дарки амиқи ма­съулияти баланди неруи пешбари ҷомеа таҳти сарварии Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи ба­ланди мардумсолорӣ ва озоду шаффоф гузаронидани он омодагии ҳаматарафа дида, талош бар он мекунад, ки ҳадафи аслиаш – таъмини зиндагии арзандаи халқ зина ба зина амалӣ  гардад.

Агар ба саҳифаҳои рангини баргузо­рии анҷуманҳои ҳизб назар  афканем, му­шаххас мешавад, ки Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таърихи 13-уми декабри соли 2014 баргузор гар­дидааст ва дар он муҳимтарин масоили ҷомеа мавриди баррасии амиқ қарор ги­рифтаанд.

Тавре Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иброз  доштаанд: «Ҳизби мо ба сифати неруи муқтадири сиёсии  мамлакат  барои воқеан ҳам амалӣ гардидани озодиҳои  сиёсиву  иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озо­дии сухан, матбуот ва эътиқод, интихобо­ти шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти  гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳам чун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷа  ҳамин   аст, ки   намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва  онро ҷонибдорӣ ме­кунанд».

Ҳамин тариқ, итминонамон  комил   аст, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти пурсамару чашмраси ҲХДТ ва назари  чанде аз оли­мону коршиносони соҳа имрўзҳо метавон хулоса кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси му­аззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурбинонаи худ бештару пеш­тар аз ҷониби қишрҳои мухталифи ҷомеа дастгирии амиқ меёбад ва дар маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода ҷонибдории аксарияти мардумро ба даст оварда, ғолибу пирӯз х оҳад  гардид.

Ҳақназар КАРИМЗОДА,
номзади илмҳои филология

Categorie: Tagikistan

«…ЧОЙИ ТАЛХ РАВШАН МЕКУНАД ТАБЪИ СУХАНДОНРО». Эҳдо ба Рӯзи умимиҷаҳонии чой

Ховар - 9 ore 52 min fa

ДУШАНБЕ, 15.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар ҷаҳон Рӯзи  умумиҷаҳонии чой ҷашн гирифта мешавад. Зеро он нӯшокиест, ки тамоми мардуми сайёра онро ҳамарӯза истифода мебаранд.

Таърихи парвариш ва ғунучини чой

Чой як навъ бутта ё дарахти хурди ҳамешасабз мебошад, ки барги онро махсус хушконида, дар оби ҷӯш дам карда менӯшанд.

Дарахти парваришнамудаи  чой то 1,5 метр  қад кашида, баргаш дарозрӯя, гулаш  сафед ё гулобии  хушбӯй мебошад.

Дарахти худрӯи чой то 10—15 метр қад кашида, дар ҷангалзори Ассами Ҳиндустон ва ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҳинду Чин мерӯяд. Ноҳияҳои бешазори Ассам, Бирма, Юннан, Чин ва Ветнами Шимолиро ватани чой меҳисобанд. Чойро дар Чин 2500 сол то мелод чун растании доруӣ мепарвариданд. Аз ин рӯ ватани чой давлати Чин дониста мешавад.

Португалиҳо дар асрҳои 15—17 аз Осиёи Шарқӣ чойро ҳамчун дору ба минтақаи Аврупо оварданд. Сипас он яке аз нӯшиданиҳои маъмулӣ гардид.

Аввалин бор сафири рус В. Старков соли 1638 чойро аз Муғулистон ба Россия овардааст. Дар Осиёи Миёна чой охири асри 19 пайдо шудааст.

Ба андешаи мутахассисон,  дар дунё  1,5 млн гектар чойзор мавҷуданд, ки аз онҳо соле 1,5 млн тонна чойи хушк ҷамъоварӣ мешавад. Дар Ҳиндустон дар як сол то 500 ҳазор тонна, Шри Ланка 215 ҳазор тонна, Чин  200 ҳазор тонна ва дар ИДМ 72 ҳазор тонна чой истеҳсол мекунанд.

Соли 2018 дар Кения 493 ҳазор тонна чой истеҳсол карда шуд, ки  475 ҳазор тоннааш ба бозори ҷаҳонӣ интиқол ёфт. Харидори асосии ин моли Кения ҳамоно Покистон, Миср ва Британия мебошанд.
Мавриди тазаккур аст, ки беш аз 90 дарсади чой дастӣ ҷамъоварӣ мегардад. Ҳоло дар мамлакат қариб 50 намуд чой истеҳсол мешавад, аз ҷумла сиёҳ, кабуд, сафед, арғувонӣ ва ғайра. Чой аслан растании ноҳияҳои тропикӣ ва субтропӣ мебошад.

Барои кишти растании чой иқлими Тоҷикистон мутобиқ нест

Ба иттилои сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Сафаров, солҳои 1934- 1935 дар замони Шӯравӣ ин зироати субтропикӣ ва тропикӣ барои кишт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буд. Натиҷаи таҳқиқот муайян кард, ки ба ғайр аз лимӯ ва афлесун дигар зироат ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ нестанд. Хусусан барои кишти растании чой иқлими Тоҷикистон мутобиқ нест, зеро чой намнокии зиёд талаб менамояд ва иқлими Тоҷикистон ба он мувофиқ нест.

Ба ақидаи гиёҳшиносон, иқлими Тоҷикистон барои парвариши чойҳои шифобахш хеле мусоид мебошад.

Тавре корманди Маркази илмию тадқиқотии фармасевти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Давлатмамадова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш хеле бой аст.

Мавсуф иброз дошт, ки «ҳоло дар нуқтаҳои савдои ҷумҳурӣ чойҳои пастсифати ба саломатӣ зиёновар ба фурӯш бароварда мешаванд, ки  қобили истифода нестанд. Мо бояд гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, аз қабили лимӯгиёҳ, бодраҷбӯя, фаранҷи мушк, кокутӣ, бобуна, чойгиёҳ, марварак, розиёна ва амсоли инҳоро ҳамчун маҳсулоти чой истеҳсол намуда, ба фӯруш барорем».

Чой — нӯшокии аз ҳама зиёд истеъмолшаванда дар ҷаҳон

Дар садсолаи охир баъди он ки мутахассисон ба таври илмӣ ба саломатӣ фоида доштани чойро исбот намуданд, талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид.

Чой нӯшокии аз ҳама зиёд истеъмолшаванда дар ҷаҳон буда, аксаран 2 намуди он: чойи сиёҳ ва кабуд бештар маъмуланд.
Ин ду намуди чой аз як растанӣ тайёр шуда, танҳо аз рӯйи муҳлати коркард фарқ мекунанд.

Абӯрайҳони Берунӣ гуфтааст, чойро бурида дар зарфҳо  мехушконанд ва гоҳи зарурӣ аз он бо оби ҷӯш нушиданӣ тайёр мекунанд, ки табшикан ва софгари хун буда, инчунин зарари майро бартараф менамояд.

Чойе, ки мо менӯшем, моддаҳои даббоғӣ, витаминҳо, алкалоидҳо, кофеин ва ғайраҳо дорад. Инчунин равғани эфир барин моддаҳои муфид дорад. Он хусусияти зиддимикробӣ дошта, барои аз организм хориҷ шудани моддаи радиоактивии стронсий мусоидат мекунад. Чой,  алалхусус чойи кабуд нӯшокии қувватбахш ва ташнагишикан аст. Дар як истакон чой 0,02—0,1 г кофеин вобаста ба навъҳои гуногуни чой мавҷуд аст. Кофеин ангезандаи пурзӯри асаб аст. Онро дар тиб ба шахсони хаставу заиф ва камқувват  тавсия модиҳанд.

Ба қавли шоир Абдулқодирхоҷаи  Савдо:

Зи ҷӯши чойҷӯшам ин нидо дар гӯш меояд,

Ки чойи талх равшан мекунад табъи сухандонро.

Чойи талх, махсусан чойи сиёҳ ба шахсоне, ки гирифтори бехобӣ, ғалаёни хун-гипертония, бемориҳои дил, захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангуштаанд, зарар дорад.

Чои кабуд доруи дарди сар аст…

Бояд гуфт, ки чой барои мардуми тоҷик нӯшидании муқаррарӣ ва анъанавист.

Ҳоло дар Тоҷикистон дар баробари чои сиёҳ чойи кабуд шўҳрат пайдо карда, нӯшокии миллии мо шудааст.

Чойи кабуд аз кофеин ва полифенолҳо бой аст. Дар таркиби чойи кабуд боз микроэлеметҳои дигар, ба монанди каротиноид, токоферол, кислотаи аскорбинӣ (ё витамини С), хром, марганетс, селен ва тсинк мавҷуд аст. Агар шумо таъми асили полифенолҳо ва антиоксидантҳои шифобахшро чашиданӣ бошед, пас чойи 2-3 моҳ қабл истеҳсол кардашударо ҷустуҷӯ намоед. Лекин инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки беҳтарин вақти чидан ва ҷамъ кардани чойи кабуд моҳҳои апрел ва май аст. Чойи дар тобистони гармо чидашуда пастсифат мебошад. Чойи кабуди кӯҳнашуда чандон муфид нест ва он таъми хуш дода  наметавонад.  Барои муайян кардани он қуттии  чойро ба даст гирифта, онро афшонед. Ҳар қадаре, ки чанг бисёр резад, ҳамон қадар чой кӯҳнашуда асту сифаташ паст мебошад. Чойи кабуди тоза сифати хешро давоми 12 моҳ нигоҳ дошта метавонаду халос.

Табибон тавсия медиҳанд, ки чойи кабуд  ба табобати касалиҳои дилу рагҳо, касалиҳои милки дандон, санги гурда, саратон, касалиҳои чашм ва касалии қанд  ёрӣ мерасонад.

Сифати чойро чӣ тавр муайян кардан мумкин аст?

Аз ҳама навъҳои аълосифати чои кабуд- ин чойи талхча ва чойи аз баландкӯҳҳо чидашуда мебошад. Чойи кабуд бояд ранги зумуррад ё  зумурради паст дошта бошад. Агар чои хушк  тобиши зард ва ё қаҳваранг дошта бошад, пас вай кӯҳнашуда аст. Барои он, ки чойи кўҳна намуди чойи навро гирад, баъзе истеҳсолкунандагон баргакҳои чойро ранг мекунанд. Аммо шумо метавонед ин ҳилларо ба зудӣ ошкор кунед.   Барои муайян кардани он санҷиши одӣ гузаронед:  ба чой пораи қоғази сафедро партоед. Агар қоғаз ранги сабзро гирад, маълум мешавад, ки ин чой рангкардашуда аст. Агар чой дорои сифати баланд бошад, пораи қоғази таркардашуда хеҷ гоҳ ранги сабзро ба худ касб намекунад.

Тавсияи дигар он аст, ки зимни дам кардани чой беҳтар мешуд агар чойникҳо тасфон бошанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Categorie: Tagikistan

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 349-умин рӯзи соли 2019 аст

Ховар - 10 ore 41 min fa

15 декабри соли 2011 дар шаҳри Берлин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Германия ифтитоҳ ёфт.

***

3 сол пеш, 15 декабри соли 2016 Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шри-Ланка ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода Раиси Шӯрои байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  интихоб гардид.

15 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии чой.

***

Дар Россия – Рӯзи хотираи журналистони ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалокшуда.

 РӮЙДОДҲО:

 15 декабри соли 2011 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии «Ҳисоботи миллӣ оид ба куҳансолӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

 ***

15 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе маҷмӯаи нави «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои моҳҳои январ-ноябри соли 2016 нашр шуд.

***

96 сол муқаддам, 15 декабри соли 1923 тамғаи ширкати мошинсозии «Шкода» ба қайд гирифта шуд.

***

15 декабри соли 1982 Хазинаи байналмилалии асъор барои ба Бразилия пешниҳод намудани заём дар ҳаҷми 4,5 миллиард доллар барои хизматрасонӣ ба қарзҳои хориҷӣ ризоият дод.

***

Дар ин рӯзи соли 1990 Декларатсия оид ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон қабул гардид.

***

15 декабри соли 1972 ташкилоти СММ оид ба ҳифзи муҳити зист таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2017 Парлумони Тоҷикистон таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши он дар татбиқи Стратегияи миллии рушдро баррасӣ намуд.

***

Соли 1989 дар ИМА рекорди ҷаҳонӣ дар мавриди  50 соату 50 сония ба таври муаллақ дар ҳаво истодани чархбол гузошта шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Categorie: Tagikistan